Сохтмон, хизматрасонӣ, зеҳни сунъӣ: муштариёни Хатлон аз ҷузъиёти алоқаи мобилӣ огоҳ гардиданд

Сентябрь 23, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 50 сокини Бохтар меҳмони раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон шуданд. Онҳо бо роҳбарону кормандони ширкат суҳбатҳо намуда, ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

«Баъди вохӯрии имрӯза аллакай мефаҳмам, ки чаро оператор пойгоҳҳои базавиро дар ҳама ҷойҳо насб карда наметавонад ва то чӣ андоза ин раванд мураккаб аст. Новобаста аз ин МегаФон Тоҷикистон корҳои бузурги сохтмониро дар Хатлон ба анҷом мерасонад ва ба мо муфассал фаҳмонида шуд, ки маҳз дар куҷо алоқа беҳтар карда мешавад. Ташаккур ба мутахассисони техникӣ барои корҳои босамар!», – мегӯяд сокини ноҳияи Кӯшониён Зарина.

Барои бисёр меҳмонон ҷузъиёти фаъолияти Хадамоти мизоҷон кашфиёти нав буд. Масалан, бо маълумоте, ки ҳангоми муроҷиат тавассути замимаи «МегаФон Life» сараввал чат-боти Доно ҷавоб медиҳад, метавон бисёри масъалаҳоро ҳал намуд. Ва танҳо дар ҳолатҳои мушкилтар одамони воқеӣ пайваст мешаванд.

«Бештар саволҳоро тариқи замимаи мобилӣ медиҳам, ин хеле мувофиқ буда, вақти камро мегирад. Лекин ман ҳатто дарк намекардам, ки бо зеҳни сунъӣ суҳбат дорам! Аҷибаш он аст, ки то чӣ андоза технологияҳои рақамӣ пеш рафтааст!», – таассуроти худро баён медорад сокини Бохтар Нигора.

Инчунин меҳмонон дар бораи принсипҳои фаъолияти шабакаи мобилӣ, намудҳои таҷҳизоти алоқа, хизматрасонии муфиди рақамӣ маълумот гирифтанд. Ба ҳама лутфу меҳрубонии кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва омодагии онҳо барои кушоду ошкоро дида баромадани мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо хеле писанд омад.

«Мо хушҳол аз онем, ки тавонистем ба ҳамаи саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавоб гардонем, нишон диҳем, ки чӣ тавр бо ҳар муштарӣ ва муроҷиатҳояшон кор мебарем. Мутмаинам, ки ин гуна робита барои меҳмонон ҳам гуворо ва ҳам муфид буд ва барои гирифтани маълумоти бештар оид ба алоқаи мобилӣ ва хизматрасонии рақамӣ имкони хеле васеъ фароҳам овард», — изҳор дошт роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Фирдавс Шамсуддинов.

Соли равон топ-менеҷерони ширкат бо муштариёни ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мулоқот намуданд. Аз лаҳзаи оғози лоиҳа зиёда аз 2 500 сокини Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент ва Бохтар ба меҳмонии оператор даъват карда шуданд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сентябрь 23, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад