СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад

Сентябрь 29, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад. Чунин ибрози назар намуд ҳуқуқшиноси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Мансурӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҳошияи Рӯзи забони давлатӣ (5 октябр) ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар даврони Истиқлоли давлатӣ.

Тавре мутахассис иброз дошт, тибқи моддаи 2-и Конститутсияи мамлакат «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

«Дар асоси банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва ғайра тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид карда шуданд. Ин иқдоми наҷиб ҳангоми озмунҳо ба санҷиши дониши кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон мусоидат намуд. Инчунин ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад», -иброз дошт ҳуқуқшинос.

Шодмон Мансурӣ иброз дошт, ки забони давлатӣ дар фаъолияти кори мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар муносибатҳои расмии шифоҳӣ ва хаттӣ ҳамчун воситаи асосии коргузорӣ ва муошират мавриди истифода қарор дорад. Дар асоси муқаррароти қонун коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ мегузарад. Коргузории ташкилоте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба забони давлатӣ мегузарад. Забони дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Тартиби коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда мешавад.

«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, интишори расмии онҳо дар воситаҳои ахбори омма ба забони давлатӣ интишор шуда, дар ҳолатҳои пешбининамудани қонунгузорӣ ба забонҳои дигар аз тарафи мақоми ваколатдор тарҷума карда мешаванд. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд»,- афзуд мутахассис.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шуда, ҳамон як истилоҳ дар қонунгузорӣ як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. Бинобар ин, мақомоти ҳокимияти давлатӣ милликунонии забони қонунгузориро ба забони давлатӣ ба роҳ монда, дар асоси принсипҳои қонуният, адолат, ҳуқуқэҷодкунӣ, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамоянд, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи риояи меъёри забони адабӣ мусоидат менамояд.

«Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҷумҳурӣ тибқи қисми 4 Низомнома Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва корхона, муассиса ва ташкилоти дигари давлатӣ ба роҳ мемонад. Инчунин бо мақсади танзим намудани забони тарҷумаи номгузорӣ, навиштаҷоти эълону реклама ва тамғаҳои молӣ дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида, аз соли 2024 фаъолият менамояд», — илова намуд ӯ.

Таъкид шуд, ки дар асоси моддаҳои 8-11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» масъалаи номгузории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қисми 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ доир мешаванд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд. Муқаррар шудааст, ки он аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар ҳамкорӣ бо Кумита назорат карда мешавад. Масъалаи танзими реклама тибқи банди 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар ваколати мақоми давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, онро назорат мебарад.

Дар баробари ин, масъалаи навиштаҷоти тамғаи молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони ғайр танзим карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилот ва лавҳаю овезаҳои онҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, номи ташкилоти хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума карда мешаванд.

Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои таркибии онҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот, деҳа, маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин, инчунин кўҳҳо, қаторкўҳҳо, қуллаҳо, дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, биёбонҳо ва дигар объектҳо тибқи қонунгузорӣ ба забони давлатӣ доир шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

Бо мақсади танзим ва ҳамоҳангсозии сиёсати забони давлатӣ Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 қабул гардидааст, ки амалисозии рушди сиёсати забони давлатӣ бо маром идома дошта, аз ҷониби мақоми ваколатдор назорат карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсиву фарҳангии забони давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди босуботи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ рӯйи кор омад. Тадбирҳои ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи сокинони ҷумҳурӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд.

Иброз дошт, ки тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия гардида, онҳо бо забони русӣ тарҷума мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба забонҳои дигар низ тарҷума карда мешаванд. Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад (моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»).

«Дар идоракунии давлатӣ забони мукотиба муҳим буда, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ, ҳангоми муошират ва ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ забони давлатӣ ва забони русиро истифода мебаранд. Ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ҳангоми зарурат ба забони русӣ ва ё дигар забонҳо тарҷума гардида, ба воситаи идораҳои нотариалӣ тасдиқ карда мешаванд. Дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки забони муоширати онҳо бештар забони русӣ мебошад. Шаҳрвандоне, ки забони давлатӣ ва ё русиро намедонанд, метавонанд барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо ва баргузории мурофиаҳо аз тарҷумон истифода баранд», -ибрози назар намуд ҳуқуқшинос, корманди Кумитаи забон ва истилоҳот.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳамгироии мамлакати мо бо давлатҳои хориҷӣ равнақ меёбад. Мо бояд барои омўзиши забонҳои иртиботи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, русӣ азму кўшиш намоем. Гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо доир мешавад. Ҳангоми зарурат дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон истифода намоянд. Дар қонун баробарҳуқуқии забонҳои миллатҳо ва халқият эътироф карда шудааст, ки онҳо барои истифодаи забони модариашон ҳуқуқ дошта, дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони таҳсил бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.

Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадор ҳастанд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандоне, ки ақаллияти миллӣ мебошанд, шароит фароҳам оранд. Чорабиниҳои фарҳангии миллатҳо ва халқияте, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, ба забони давлатӣ ва забонҳои дигар баргузор карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли себ ба одамони камхун фоида дорад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво паст мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Кори мураттаби дил ба тамоми узвҳои бадани инсон вобастагии зич дорад
ФУРӮШИ КИТОБҲОИ БЕЗАВОЛИ МАВЛОНО ЯКЕ АЗ ДУ ҶОЙИ АВВАЛРО ДАР ҶАҲОН ИШҒОЛ МЕКУНАД. Ин нобиғаи сухан мояи ифтихори мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ ва ИДМ ягона давлате аст, ки корхонаи истеҳсоли электробус дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии мамлакат табдил ёфтааст
ЗИ ҲАМРОҲОН ҶУДОӢ МАСЛИҲАТ НЕСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба муносибати Рӯзи Мавлоно
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Маросими ифтитоҳи курси шашуми маҳфили омӯзишӣ доир шуд
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
УМРИ МИЛЛАТ БА УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ! Дар Бӯстон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиронсолон нафақахӯрону маъюбони шаҳри Душанбе ба сайри Қалъаи Ҳисор рафтанд
Дар Душанбе бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конференсияи илмӣ-таърихӣ баргузор гардид