Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид

Октябрь 31, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  31 октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов дар мавзуи «Истифодаи усулҳои гармофизикӣ ва воситаҳои ченкунӣ дар назорат ва идоракунии сифати маҳсулот ва раванди истеҳсолот»  конференсияи 15-уми байналмилалии илмӣ-амалии мактаби байналмилалии гармофизикон доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Наимҷон Ашурзода дар мавзуи «Сатҳи рушди иқтисодии Тоҷикистон вобаста ба рушди энергетика» маъруза намуда, робитаи рушди соҳаи энергетикаро бо пешрафти иқтисоди миллӣ мавриди таҳлил қарор дод.

Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои муҳими илмии соҳаи гармофизика, истифодаи технологияҳои муосири ченкунӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва самаранокии равандҳои истеҳсолиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин нақши олимони варзида ва ҳамкории илмии байналмилалӣ дар ташаккули мактабҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос иброз гардид.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоиши байналмилалии илмӣ барои густариши ҳамкории байнидонишгоҳӣ, табодули таҷрибаи пешқадами илмӣ, тақвияти робитаҳои илмию таълимӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Октябрь 31, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад