Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд

Октябрь 30, 2026 17:50

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 октябр дар шаҳри Копенгагени Дания ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 53 давлати ҷаҳон,  аз  ҷумла аз Тоҷикистон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ иштирок  намуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Кумитаи минтақавӣ мақоми олии қабули қарорҳо дар Минтақаи Аврупо ба ҳисоб рафта, уҳдадории сиёсӣ ва амалӣ муштаракро барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ташаккул медиҳад.

Дар ҷаласа масъалаҳои идоракунӣ сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон, зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти тандурустӣ, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, таҳкими мусоидат ба солимӣ ва пешгирии бемориҳо ва таҳияи стратегияи нави минтақавӣ оид ба солимии равонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар доираи ин ҷаласа  Стратегияи нави минтақавӣ оид ба пиршавии солим таҳти унвони «Пиршавӣ ин зиндагӣ аст: стратегияи мусоидат ба тамоми давраи ҳаёт барои солимӣ ва некуаҳволӣ дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои солҳои 2026–2030» пешниҳод гашт.

Мақсади асосии стратегия – мутобиқсозии низомҳои тандурустӣ, нигоҳубини дарозмуддат ва дастгирии иҷтимоӣ мебошад, то онҳо ба таври муштарак ва самаранок барои таъмини зиндагии солим ва фаъол дар синни калонсолӣ фаъолият намоянд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расидааст. Нишонаи дарозумрӣ дар мамлакат болоравии сатҳи зиндагии мардум  мебошад. Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад.

Тибқи пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид, сабабҳои зиёд шудани умри инсон рушди иқтисодӣ, кам шудани фавти кӯдакон, кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи муваффақона бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт) кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2026 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид