«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҲУҚӢ». Дар Кӯлоб конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди қонунгузорӣ оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Дилшод Раҳмон иброз намуд, ки мо, масъулини муассисоҳо баргузории силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, озмуну олимпиадаҳо, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро бештар намоем. «Зеро роҳандозии иқдомоти шоиста ҷиҳати баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон дар робита ба арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд»,-афзуд номбурда.
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода таъкид намуд, ки мақсади эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он ва баланд бардоштани мақоми қонун мебошад.
Дар идомаи кори конфронс 23 мақола ва маърӯзаҳои олимону донишмандон ва коршиносону мутахассисони соҳа дар робита ба рушди қонунгузорӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад






