СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Суд метавонад аз ҳисоби падару модар ба манфиати фарзанд то 20-24-солагӣ алимент ситонад
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи муқаррароти моддаи 80-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар уҳдадоранд кӯдаки ноболиғи худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намоянд. Шакл ва тартиби таъминоти моддиро падару модар мустақилона муайян менамоянд. Ҳамчун қоида, падару модар уҳдадории худро оид ба таъминоти моддии фарзандони ноболиғ бояд ба таври ихтиёрӣ иҷро намоянд. Бо ин мақсад Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни падару модар баста шудани созишномаи пардохти алиментро пешбинӣ менамояд. Суд дар ҳолатҳои хос, ки дар зер равшанӣ меандозем, метавонад падару модарро муваззаф намояд, ки ба кӯдак баъди ба балоғат расидан то 20-24-солагӣ низ алимент пардохт намоянд.
Ба андешаи нотариуси калони давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Карим Анварӣ, созишномаи пардохти алимент байни падару модар на ҳама вақт баста шуда метавонад. Вай метавонад ҳангоми ба таври алоҳида истиқомат намудани падару модар ва пешбурди хоҷагии умумӣ бо мақсади ба эътидол овардани ҳолатҳои алоҳидаи мубоҳисавӣ дар раванди тарбияи кӯдак баста шавад.
«Ҳангоми ба миён омадани баҳс оид ба ин масъала он бояд бо назардошти манфиатҳои кӯдак ҳал карда шавад. Аз ин ҷо, қонунгузории миллӣ ин муқарраротро тақвият дода, онро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал ба танзим медарорад»,-изҳор медорад ӯ.
Муносибатҳои марбут ба алимент дар бобҳои 13-17-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд, ки боби 13-и уҳдадории алиментии байни падару модар ва фарзандонро ба танзим медарорад. Дар меъёрҳои байналмилалӣ, моддаи 7-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, моддаҳои 16, 10-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муқаррароте пешбинӣ шудаанд, ки онҳо баробарии мардон ва занонро дар муносибатҳои никоҳ ва оила, ҳамчунин дар муносибат нисбат ба кӯдакони умумӣ муқаррар менамоянд. Марбут ба ин зоҳир намудани ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдак ҳам уҳдадории модар ва ҳам уҳдадории падар маҳсуб мешавад.
Тавре Карим Анварӣ иброз медорад, агар падару модар барои таъмини фарзандони ноболиғи худ диққат зоҳир накунанд, воситаҳои моддӣ барои таъмини онҳо (алимент) аз ҳисоби падару модар ба манфиати кӯдакони ноболиғ бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ тавассути суд ситонида мешавад. Қонунгузории оилавӣ ҳамчунин дар мавриди бастани аҳдномаи никоҳ бартариятро ба созишномаи падару модар оид ба пардохти алимент медиҳад. «Дар мавриди ҷой надоштани созишномаи пардохти алимент, таъмин нагардидани фарзандони ноболиғ аз тарафи падару модар ва пешниҳод нагардидани аризаи даъвогӣ барои ситонидани алимент мақомоти васоят ва парасторӣ метавонад дар бораи аз ҳисоби падару модар ба манфиати кӯдак ситонидани алимент бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намоянд»,-афзуд ӯ.
Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, дар Идораи нотариати давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Ба гуфтаи нотариус, риоя нагардидани шакл ва тартиби бо қонун муқарраргардидаи бастани созишномаи пардохти алимент, оқибатҳои ҳуқуқии бо қонунгузории гражданӣ пешбинӣ гардидаро ба вуҷуд меорад. «Ин маънои онро дорад, ки агар дар оянда, ҳангоми пардохти алимент баъди баста шудани созишнома баҳс ба миён ояд ва яке аз тарафҳо аз пардохти алимент саркашӣ намояд, тарафи дигар наметавонад даъвои худро бо ин созишнома асоснок намояд, чунки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ин созишнома беэътибор дониста мешавад. Ин баробари он аст, ки созишномаи пардохти алимент ҷой надорад. Созишномаи пардохти алимент метавонад ҳангоми муайян намудани андозаи даромади тарафҳои барои пардохти алимент уҳдадор ба сифати далел баромад намояд».
Бояд гуфт, ки Созишномаи пардохти алименте, ки дар Идораи нотариати давлатӣ тасдиқ гардидааст, қувваи варақаи иҷроро доро мебошад. Ҳадафи асосии онро осон намудани тартиби ситонидани маҷбурии алимент ташкил медиҳад. Яъне, агар яке аз тарафҳо муқаррароти созишномаи пардохти алиментро ба таври ихтиёрӣ иҷро нанамояд, барои ин ба суд муроҷиат намудан зарур нест. Дар чунин маврид кофӣ аст, ки шахси манфиатдор бо созишномаи пардохти алимент ба иҷрочии суд муроҷиат намояд. Дар асоси созишномаи пардохти алимент ва ариза дар бораи ба таври маҷбурӣ ситонидани алимент аз ҳисоби шахси барои пардохти алимент уҳдадорбуда иҷрочии суд уҳдадор аст талаботи дар ариза нишондодашудаи шуморо иҷро намояд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, тарафҳо ҳангоми бастани созишномаи пардохти алимент бояд дар хусуси стандартҳои минималие, ки аз тарафи давлат нисбат ба шаҳрвандон ҳангоми ба таври ихтиёрӣ ва мустақилона пардохт накардани алимент муқаррар карда шудааст, маълумот дошта бошанд. Масалан, моддаи 81-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки ҳангоми ҷой надоштани созишномаи пардохти алимент, алимент ба манфиати кӯдакони ноболиғ аз тарафи суд ҳар моҳ ба таври зерин ситонида мешавад: барои як кӯдак ба андозаи аз чор як ҳисса; барои ду кӯдак аз се як ҳисса; барои се ва зиёда кӯдак нисфи музди меҳнат ва дигар даромади падару модар. Андозаи ҳиссаи мазкур мумкин аст аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо, ки диққати судро ҷалб карда метавонад, кам ва ё зиёд карда шавад.
Карим Анварӣ иброз медорад, ки агар кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат таҳсили худро дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва ё олӣ давом додан хоҳад, дар ин маврид суд метавонад аз ҳисоби падару модар ба манфиати кӯдак то синни бист ва бисту чорсолагӣ мутобиқан алимент ситонад. Андозаи алимент аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи оилавӣ ва моддии падару модар ва дигар ҳолатҳои ҷолиби диққат муқаррар карда мешавад. «Ҳангоми бастани созишномаи пардохти алимент тарафҳо муқаррароти мазкурро истифода намуда, метавонанд муҳлати пардохти алиментро на то синни 18, балки мутобиқан 20- 24-солагӣ муқаррар намоянд. Барои ин тарафҳо метавонанд дар созишномаи пардохти алимент дароз карда шудани муҳлати пардохти алиментро дар мавриди дохил шудани кӯдак ба муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва ё олӣ пешбинӣ намоянд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Набояд фаромӯш кард, ки фарзандони болиғу қобили меҳнат низ барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул мебошанд. Алимент аз ҳисоби фарзандони болиғу қобили меҳнат ҳангоми ҷой надоштани созишномаи пардохти алимент ба манфиати падару модари эҳтиёҷманд бо тартиби судӣ ситонида мешавад. Андозаи алименти аз ҳисоби фарзанди болиғу қобили меҳнат ба манфиати падару модари эҳтиёҷманд ҳар моҳ ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва ҳолатҳои дигари ҷолиби диққати фарзандони болиғу қобили меҳнат ва падару модар дар шакли маблағи устувор муқаррар карда мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз