ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 24, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Русия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

***

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 сентябри соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ менамоянд, суҳбати озод баргузор гардид.

***

14 сол пеш, 24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба Афғонистон, Сарвазири Ҷопон ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.

***

24 сентябри соли 2020 дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

24 сентябри соли 2023 Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бе муҳлат иҷозатномаи фаъолият дод.

24 СЕНТЯБР:

 Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Африка — Рӯзи мерос.

Сентябрь 24, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст