ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 3, 2024 08:00

23  сол пеш, 3 сентябри соли 2001 дар Тоҷикистон тангаҳои арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50-дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.

***

3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария суханронӣ намуданд.

***

3 сентябри соли 2010  Фурудгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърузаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20–солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо» баррасӣ шуд.

***

3 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи артиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

7 сол пеш, 3 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуданд.

***

3 сентябри соли 2020 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба моҳвораи  «Copernicus Sentinel-3» (оилаи моҳвораҳои фосилавии таҳқиқи Замини Агентии кайҳонии Аврупо) муяссар шуд, ки лаҳзаи нотакрореро ҳангоми  фазои беабри  Тоҷикистон  ба навор гирад. Тоҷикистони беабр аз кайҳон дар тасвири 3d ба ёқути сурх – санги қиматбаҳо монанд аст ва нигини рӯи Заминро мемонад. Ва ин хеле рамзӣ аст.

***

3 сентябри соли 2023 дар доираи таҷлили Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмоишгоҳи муосири тиббӣ ифтитоҳ гардид

3 СЕНТЯБР:

Рӯзи авиатсияи тоҷик.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Гвардияи миллӣ.

***

Дар Австралия – Рӯзи парчам.

***

Дар Қатар – Рӯзи истиқлолият.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Шоиста Муллоҷонова- соли 1925, овозхон, омӯзгори суруд ва мусиқӣ, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, душанбе, 288-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, якшанбе, 287-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, панҷшанбе, 284-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, чоршанбе, 283-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст