Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори мудирият оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Элизабет Тюрк баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, аз ҷумла иқтисоди «сабз» ва даврӣ, рақамикунонӣ, инноватсия, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва содагардонии расмиёти савдо мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






