Табиби тоҷик Сурайё Шукурова соҳиби ҷоизаи ҷаҳонӣ гардид

Сентябрь 10, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табиби тоҷик, профессор Сурайё Шукурова бо ҷоизаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APLAR) қадрдонӣ гардид. Ҷоиза мукофоти бонуфузи тиббӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷаласаи навбатии Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз 21 то 25 августи соли 2024 дар Сингапур бо иштироки зиёда 25 ҳазор намояндаи соҳаи тарбодшиносӣ ва инчунин табибони дигар соҳаҳо баргузор гардид. Дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Сурайё Шукурова бо шогирдонаш иштирок намуд.

Дар ҷаласаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз байни мамлакатҳои дунё Сурайё Шукурова барои хизматҳои барҷаста дар соҳаи тарбодшиносӣ тавассути таълим, таҳқиқот ва хизматҳои касбӣ дар минтақаи Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, гузоштани саҳм дар ин соҳа ва омода намудани тарбодшиносони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи фахрии APLAR-MASTER-AWARD қадрдонӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — APLAR (Asia Pacific League of Associations for Rheumatology) соли 1963 дар Сидней таъсис ёфта, зиёда аз 25 ҳазор тарбодшиносонро аз саросари олам муттаҳид мекунад. Тарбодшиносони Тоҷикистон низ аъзои фаъоли ин лига ба ҳисоб мераванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид