УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Устод Рӯдакӣ – бунёдгузори фарҳанг, адабиёт ва забони тоҷикӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, дар конференсия олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода таъкид дошт, ки «воқеан ҳам устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс саҳми беандоза гузошта, то замони мо мероси гаронбаҳояш дастраси дӯстдорону ҳаводорони шеъру адаб гардидааст. Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ, рӯзгору осор ва ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст».
Рӯдакиро бартарии шоирони араб, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор ва ҳакими Хуросон хондаанд.
Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






