Рустами Эмомалӣ: «Барои таъсиси корхонаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Русия саъю кӯшиш намудан зарур аст»
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ва Русия дар рушди соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисод ва тиҷорат, сиёсат ва амният, фарҳангу гуманитарӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд»,-изҳор намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд.
Форум имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ду давлат баррасӣ карда шаванд. Новобаста ба дастовардҳои ноилгардида, баён доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ, байни Тоҷикистон ва Русия иқтидори бузурги истифоданашуда дар ҳама самтҳои афзалиятнок мавҷуд аст.
«Барои ташкили корхонаҳои муштарак дар саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, инчунин дар самти тандурустӣ ва гидроэнергетика талоши бештар намудан зарур аст. Имконоти хеле хуб низ барои мубодилаи савдои дуҷониба вуҷуд доранд. Истифодаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаи алоқа низ муҳим аст. Мо ҳамзамон иштироки ширкатҳои русиро дар рушди сайёҳӣ дар мамлакати худ истиқбол менамоем»,-иброз намуданд муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва афзуданд, ки дар самти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия роҳҳалҳои навро дарёфт намудан зарур аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






