40 лоиҳаи илмию таҳқиқотии соҳаи тиб аз буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад

Октябрь 23, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои муассисаҳои илмӣ-таълимиии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40 лоиҳаи илмию таҳқиқотиро маблағгузорӣ намудааст.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 7 адад зиёд мебошад.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудаанд. Барои рушди илми ватанӣ, хосса, илми тиб ва ташаккули заминаҳои нави кашфиёти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то таҳқиқу пажуҳиши илмии олимон ба истеҳсолот ворид гардида, натиҷаҳои самаранок диҳанд.

Дар нуҳмоҳаи соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои якчанд муассисаи табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 162 миллиону 358 ҳазору 128 сомонӣ таҷҳизот ва асбоби тиббӣ (дастгоҳи рентгении рақамӣ, мебел ва молҳои тиббӣ- катҳои функсионалӣ бо матрас, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ ва ғайра) дастрас карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 23, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд