Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба нақши Конститутсия дар рушди қонунгузории соҳаҳои дигар ҳамоиш доир шуд

Октябрь 28, 2024 17:37

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати қуқуқӣ   дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар рушди қонунгузории соҳаҳои дигар» ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳамчун роҳнамо нақши созгор дорад.

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки давоми 30 соли амали Конститутсия тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ рушд карданд. Ин ҳама ба сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.

30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои шаҳрвандон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро сарчашмаи ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрванд маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсия санади олие аст, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад ва кулли қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба он қабул карда мешаванд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2024 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд