ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Барои чорво дар сармо хӯроки дурушт ва ширадор захира гардидааст
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол бояд 2 361 626 тонна хӯроки дурушт ва 104 340 тонна хӯроки ширадор барои чорвои хурду калон захира карда шавад. Дар нуҳ моҳи соли равон 2 397 799 тонна хӯроки дурушт ва 61 854 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 хӯроки дурушт 5,1 фоиз ва хӯроки ширадор 7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳрии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бобати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 Ситоди байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Он захираи хӯроки чорво ва муташаккилона рондани чорворо аз чарогоҳҳои тобистона ба зимистона назорат менамояд.
Барои рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистонаю баҳорона ба чарогоҳҳои тобистона дар мавзеъҳои муҳим, хусусан дар сарҳадҳои байниноҳиявию байниминтақавӣ бо мақсади интиқол наёфтани ангезандаҳои бемориҳои сироятии чорво аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва аз як минтақа ба минтақаи дигар 21 нуқтаи назоратӣ ва байторӣ бо маводи безараргардонӣ ва дигар лавозимот таъмин гардида, фаъолияти онҳо тибқи реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо сабаби паст шудани ҳарорати обу ҳаво рондани чорво аз чарогоҳҳои баландкӯҳ ба чарогоҳҳои наздикӯҳӣ ва тирамоҳию зимистона оғоз гардидааст. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 440 рама, 447 935 сар чорвои майдаи шохдор ва ё 13 фоиз саршуморе, ки ба чарогоҳҳои тобистона ронда шуда буданд, баргашта, дар мавзеъҳои зимистонгузаронӣ ва дигар мавзеъҳои наздикӯҳӣ қарор доранд.
Бояд гуфт, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ шумораи чорвои калон ба 2747,6 ҳазор сар (нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4,6 фоиз зиёд), қутос -29,4 ҳазор гӯсфанду буз- 7104,9 ҳазор ва асп ба 90,6 ҳазор сар баробар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






