Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард

Октябрь 4, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд дар доираи сафар ба Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Меҳмонон зимни сайри осорхонавӣ шуъбаҳои Осорхонаи миллӣ, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоси миллӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд, тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Инчунин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд намунаи ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳои нодир, намунаи осори хаттӣ, ҳунарҳои қадимӣ, дар маҷмуъ таъриху тамаддуни пурғановати мардуми тоҷик дар давраҳои гуногун муаррифӣ гардид.

Таваҷҷуҳи меҳмононро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ҳаёту рӯзгор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадимӣ, ки ба ин миллати соҳибтамаддун аз гузашта мерос мондаанд, бештар ҷалб намуд ва аз он ба ҳайрат омаданд.

Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд барои густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи ташкилоти минтақавӣ, инчунин баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, пешрафти рушди иқтисод ва ислоҳот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст