Ҳайати парламентии Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати салоҳиятноки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалии вакилони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 20 то 31 октябр дар шаҳрҳои Пекин, Чэнду ва Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Анҷуман ҳамчун минбари муколамаи байнипарламентӣ дар рушди муносибатҳои мутақобили судманди давлатҳо нақши муассир дошта, дар кори он намояндагони ниҳодҳои қонунгузории давлатҳои ҷазиравии Уқёнуси Ором низ иштирок менамоянд.
Анҷуман аз чор симпозиум: «Ҳамкории мутақобили судманд, ҳамсафарони масири муосиркунонӣ», «Талошҳои созанда барои дарёфти тарҳҳои рушди демократия бо баҳрамандӣ аз таҷрибаи якдигар», «Мавқеи ошкоро ва талошофарин, бунёди муштараку босифати тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» ва «Бо кумаки ҳамдигарӣ даст ёфтан ба сулҳу суботи пойдори минтақа» иборат буда, дар он маърузаҳои раисони кумитаҳо ва вакилони парламентҳои мамлакатҳо баррасӣ мешаванд.
Намояндагони Парлумони Тоҷикистон дар ҳошияи симпозиумҳо оид ба таҷрибаи қонунгузории миллӣ, амалияи қонунофарӣ, нақши ҳамкории байнипарламентӣ дар таҳкими низоми қонунгузорӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлатҳо ба ҳуқуқи байналмилалӣ суханронӣ намуда, бобати тақвияти ҳамкорӣ пешниҳодҳои судманд манзур карданд.
Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш вохӯрии ҳайатҳо бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқии вилояти Сичуан, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси халқии ноҳияи худмухтори Синзян- Уйғур дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламентҳои давлатҳои дуру наздик, аз ҷумла Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи фаъолият дар ассамблеяҳо ва иттиҳодҳои байнипарламентӣ равобити неку пурсамар ташаккул ёфта, гурӯҳҳои дӯстӣ ба ҳамкорӣ барои баҳрамандӣ аз таҷрибаи қонунэҷодкунии ҳамдигар, таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ ва кӯшишҳо бобати танзими муносибатҳои нави ҳуқуқию ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд






