Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 4-уми раисони шаҳрҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Октябрь 1, 2024 11:06

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Форуми 4-уми раисони шаҳрҳои Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки раисон ва муовинони раиси 70 кишвари аъзо баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Дар форум масъалаҳо оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замин тавассути татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои онҳо барои пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор, ба монанди таҳияи шарҳи  ихтиёрии миллӣ, мусоидати чунин лоиҳаҳо ба нақшаҳои фарогир, хавфҳои мавҷуда дар таъмини лоиҳаҳои марбут ба рушди устувор, ҷалби сармоягузорӣ барои иҷрои ташаббусҳо дар ин самт ва абзорҳои таҳкими манбаъҳои он мавриди баррасии иштирокчиён қарор дода шуд.

Аҳамияти тақвияти илму технология, инноватсия ва ҳамгироии рақамӣ аз дигар соҳаҳои афзалиятноки музокирот буд.

Форум то 4 октябри соли равон идома мекунад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Октябрь 1, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд