Ҷаласаи 12-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии мамлакатҳои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Душанбе дар ҳошияи Форуми V олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа олимону муҳаққиқони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 12 масъалаи мубрам вобаста ба иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда ва таҳияи ташаббусу барномаҳои навро баррасӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки воқеан ҳам ин рӯйдоди муҳим, ки муассисаҳои илмии пешрафтаи давлатҳои моро муттаҳид мекунад, имкон медиҳад мубодилаи дониш, муҳокимаи масъалаҳои асосӣ ва ҳалли муштараки рушди минбаъдаи илми бунёдӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил густариш дода шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






