Ҷаласаи комиссияи назоратӣ-буҷетии Комиссияи Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид

Октябрь 17, 2024 16:24

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии комиссияи назоратӣ-буҷетии Комиссияи Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори комиссия вакили Маҷлиси намояндагон, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. Ҳамзамон дар кори комиссия вакилони парлумонҳои миллӣ ва аъзои Котиботи Шурои Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чаласа маҷмуи масъалаҳои марбут ба таъминоти молиявии Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муҳокима карданд. Масъалаҳои маблағгузории ҷории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташаккул ва иҷрои буҷети ассамблея ба рӯзнома дохил карда шуданд.

Аъзои комиссия маълумотро дар бораи қабули қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ дар давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи навбатии нақшавӣ баррасӣ карданд. Ҳамзамон лоиҳаҳои қарорҳои Шурои Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи ҷанбаҳои молиявии фаъолияти ассамблея омода намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии маҳаллӣ, инчунин масъалаҳои таъмини молиявии нақшаи кори Ассамблеяи байнипарлумонӣ барои соли 2025 баррасӣ карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 17, 2024 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд