Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи зиёд намудани шумораи сайёҳон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ва ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ҳарду давлат дар вохӯрии намояндагони ҷонибҳо баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба мавҷудияти имконияти фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ноил шудан ба дастовардҳои беназири соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бисёр муҳим ҳисобида шуд.
Ҷониби Қатар иброз намуд, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани табиати зебо, мероси фарҳангию таърихӣ, таомҳои миллӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ мавриди таваҷҷуҳи гардишгарон қарор гирифтааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






