Аввалин маротиба дар Тоҷикистон 48 навгонӣ дар раванди табобати беморон истифода мегардад

Октябрь 23, 2024 16:05

ДУШАНБЕ, 23.20.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 навгонӣ дар раванди табобати бемориҳо ворид гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Навгониҳо дар раванди табобати беморон, аз ҷумла истифодаи «Пропранолол» дар кӯдакони гирифтори гемангиома, истифодаи «Пертузумаб» барои омосҳои саратони сина, массажи лимфодренажӣ дар беморони лимфедема дар давраи баъди ҷарроҳӣ, маҷмуи ҷарроҳиҳои реконструктивӣ-пластикӣ бо истифодаи импланти сина, буриши дисталии ғадуди зери меъда бо усули видеоэндоҷарроҳӣ, истифодаи «Пембролизумаб», «Ниволумаб» ва «Пертузумаб» ҳангоми саратони меъда ва ғадуди ширӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Ҳамчунин соли равон ба самти ташхис ва табобат 73 навгонӣ ворид карда шуд. Аз ин шумора аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ 25 навгонӣ дар раванди ташхиси бемориҳо, аз ҷумла, холангиографияи фистулавӣ ва ташхиси рентгении рӯдаи 12-ангушта бо сулфати барий, пайдоиши гепатити музмини иммунотолерантӣ бо аломатҳои пасти клиникӣ ва миқдори ками HBsАg, ДНК, аломатҳои аввалияи клиникию лаборатории саркопения дар беморони сиррози ҷигар, ҳосилшавии барзиёди ситокинҳои илтиҳобӣ дар ҳолати фаъолшавии сиррози ҷигар, ҳамчунин сабаби асосии энсефалопатия, ташхиси антигени ядроии вируси С (соrе-антиген) барои муайян намудани таъсирнокии доруҳои зиддивирусӣ ва эҳтимоли пайдоиши сирроз ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, табибони тоҷик дар самти табобати сурхрӯда ва меъда усули нави ҷарроҳиро бе буриш амалӣ намуданд. Чунин усули ҷарроҳӣ бе буриши пӯст буда, зимни он пардаи зери луобиро кушода, мушакҳоеро, ки қисми гузариши сурхрӯда ва меъдаро маҳкам кардаанд, бурида, қисми луобии сурхрӯдаро бо клипсҳо маҳкам мекунанд.

Ҳангоми чунин беморӣ қисми гузариши сурхрӯда ва меъда танг шуда, бемор аз хӯрокхӯрӣ мемонад. Дар ин ҳолат ҳангоми хӯрокхӯрӣ дар бемор аломатҳои қайкунӣ ба амал меоянд.

Қаблан ин гуна амалиёти ҷарроҳӣ бо усули анъанавӣ, яъне буридани 15-16 см ҷисми бемор гузаронида мешуд. Ин ҳолат, албатта, муддати бистаришавӣ ва табобати беморонро низ дароз мекард. Пештар ҳангоми чунин амалиёти ҷарроҳӣ бо буриш бемор давоми 10-12 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ мегардид. Акнун бо усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд пас аз 1 рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона рухсат шуда, истеъмоли хӯрокро оғоз намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 23, 2024 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид