Ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамоише, ки 3 октябр дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид, дар ситоиши забони ширину шевои тоҷикӣ гуфта шуд, ки «забон нишонаи ҳастии миллат, дарбаргирандаи суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқ ва аз ҳама муҳим, унсури муҳимтарини шинохту муаррифи давлат ба ҳисоб меравад». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд.
Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки «забони давлатӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад, зеро эътирофу шинохти давлат аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳз аз ин падида сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони модарӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, вазифаи ҳар шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон аст».
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ василаи ягонаи муколама байни ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсӣ ба ҳисоб меравад, зеро Истиқлоли забонӣ пояи Истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
«Шуруъ аз сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабии хешро бо ин забони шево эҷод намуда, дар муаррифӣ намудани миллати тоҷик саҳми бузург гузоштаанд»,- иброз гардид дар ҳамоиш.
Имрӯз забони давлатӣ дар ҳудуди давлат ба сифати омили муҳимтарини баҳамоии миллат ва халқият хизмат менамояд.
Бо вуҷуди мақоми асосӣ доштани забони давлатӣ меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи забонҳои халқҳои ақаллияти сокини мамлакат низ имконияти баробар фароҳам овардааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола 5 октябр дар мамлакат Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






