Ба мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб пешгирии амалҳои қаллобӣ фаҳмонида шуд

Октябрь 7, 2024 19:20

ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон барои роҳбарон ва мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, соҳибкорони маҳаллӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ ва таъмини бехатарии истифодаи воситаҳои пардохтӣ» машварат баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ассотсиатсияи бонкҳо хабар доданд.

Амалҳои қаллобӣ, намудҳои қаллобӣ дар интернет, таъмини амнияти воситаҳои электронии пардохтӣ, намудҳои пардохтҳои ғайринақдӣ, хавфҳои эҳтимолии пардохтҳои ғайринақдӣ, афзалияти пардохтҳои ғайринақдӣ барои аҳолӣ, масъулияти истифодабарандагон барои бехатарии воситаҳои пардохт, омӯзиши кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба усулҳои зидди қаллобӣ, аҳамияти қарорҳои қабулшуда барои рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар  Тоҷикистон ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба онҳо ба таври содаю фаҳмо маълумот пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ барои пешгирӣ кардани амалҳои қаллобӣ бояд ҳатман омӯзонида шаванд, то дар лаҳзаҳои дучор омадан бо амалиёти шубҳанок чӣ кор карданро донанд ва онро самаранок анҷом диҳанд.

АКС: Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон

Октябрь 7, 2024 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2523 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1098 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2465 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1068 сомонӣ муқаррар шудааст