Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо супорида шуданд
ДУШАНЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест ва намоишгоҳи Бохтар Фуд — 2024» баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози форум иштирокдорон дар намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ бо иқтидори истеҳсолии мавҷуда ва имконияти содиротии ҷумҳурӣ, махсусан вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд. Ин барои дар оянда боз ҳам васеъ гардидани бозорҳои фурӯши молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Сипас Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест» оғоз шуда, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва шарикони рушд сухан намуданд.
Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамчун анъана сол то сол васеъ шуда, дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Агентии содирот барои рушди иқтидори содиротӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ дар айни замон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтидори содиротии ҷумҳурӣ низоми миллии дастгирӣ ва рушди содиротро ташаккул диҳад. Ин иқдом ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Тоҷикистон дорои иқтидори зиёди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ буда, барои ҳамкории мутақобили судманд бо тамоми ҷонибҳои дахлдор омода мебошад. Иқтидори истеҳсолӣ ва имконияте мавҷуданд, ки дорои доираи васеи ашёи хом ва захираҳои арзони меҳнатӣ барои таъмини истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошанд.
Тоҷикистон омода аст ба тамоми ҷонибҳои ҳавасманд бештар аз 50 намуди меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва болаззатро бо нархҳои имтиёзнок ва дастрас пешниҳод намояд.
Маҳсулоти Тоҷикистон дар мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Чин маъруфият пайдо намуда, шароити мусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки меваи тару тоза ва хушк тамоми сол содирот карда шавад.
Солҳои охир содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ то ба 500 номгӯй расида, ҳиссаи воридот дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад. Ин нишондиҳандаҳо ниҳоӣ набуда, Тоҷикистон дорои имконияти зиёди рушди содироти молу маҳсулот мебошад. Бахусус вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ имконияти бештари истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дошта, нақши он дар баробари таъминоти бозори дохилӣ дар рушди содирот ҳам назаррас мебошад.
Кори форум дар ду бахш: «Имконияти сармоягузории минтақа барои рушди соҳаҳои энергетика, агросаноат, содирот ва сайёҳӣ» ва «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ: сармоягузорӣ, рушди тиҷорат, содирот ва рақамикунонии соҳаҳо» идома ёфт. Дар ин бахшҳо имконияти содиротии Тоҷикистон, имконияти сармоягузории Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ ва имтиёзҳои он муаррифӣ гардиданд. Масъалаҳои бозори энергетикӣ ва раванди ташаккули он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика ва таваҷҷуҳ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, раванди ташаккули соҳибкории истеҳсолӣ ва афзоиши маҳсулоти баландсифати агросаноатӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ дар ин форум ба имзо расонида шуданд.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон инвест» ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷоизаҳо ва ба занони соҳибкор Гранти Раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 супорида шуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






