Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба дар Суғд ҳамоиш доир шуд

Октябрь 23, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 23.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба (24 октябр) ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш вобаста ба дастовардҳои Иттифоқҳои касабаи вилоят дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии коргарон ибрози назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии бонуфузи мамлакат ва қисми таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.

Иттифоқи касабаи вилоят фаъолияташро ба замони муосир мутобиқ намуда, дар ҳифзи манфиат ва ҳимояи ҳуқуқҳои аъзояш талош меварзад. Он дар татбиқи ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодии давлат пайваста нақши босазо мегузорад.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра сарварони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолон, ки дар болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзанда гузоштаанд, бо медали «Барои шарикии иҷтимоӣ», нишони сарисинагии «Фаъоли иттифоқи касаба», ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ, ки 20 сентябр ҷамъбаст гардиданд, Диплом ва маблағи пулӣ супорида шуд.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касаби мустақили Тоҷикистон

 

Октябрь 23, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид