Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Агентии омор ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд

Октябрь 5, 2024 09:49

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он вобаста ба арзшиҳои бемисли забони ноби тоҷикӣ ибрози андеша карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омор хабар доданд, дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар шароити кунунӣ ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ, истифода ва риоя аз истилоҳоти забони тоҷикӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият мояи пешрафти кор дар соҳа хоҳад буд.

Забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, бақои давлату давлатдории миллӣ ва рамзи ҳамбастагию иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон аст.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забон тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Маҳз бо иқдоми Пешвои миллат мавқеи забони тоҷикӣ устувор гардид. Ин аст, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ сухан намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра даъват менамоянд. Садо додани суханрониҳои Сарвари давлат бо забони давлатӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои муътабари байналмилалӣ мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои забон ва таҳкими минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баён гардид, ки мояи  ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ рушд намуда, ҳамчун забони илм муаррифӣ мешавад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 5, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад