БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН. Таҳияи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд

Октябрь 6, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгор фарди меҳварии соҳаи маориф буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Далели ин гуфтаҳо дастури охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии омӯзгорону масъулияти бардӯшдоштаи онҳо ва бахшида ба Рӯзи омӯзгорон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мураббии Ширхоргоҳ-кӯдакистони №129-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Зарина Мирзоева ҳамсуҳбат гардид.

Зарина Мирзоева мегӯяд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд карда мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Сарвари давлат дар мамлакат таваҷҷуҳ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарини роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире мебошанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиромро нисбат ба омӯзгорон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон намудаанд. «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем». «Тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан мебошад», -гуфт ӯ.

Ба андешаи мураббӣ, тарбия ва камолоти фарзандон ва ҳатто ояндаи тамоми давлат ба омӯзгор ва шахсияти ӯ вобаста аст. Тавре маълум аст, муаллим қисман равоншинос, методист, мураббӣ ва дӯсте аст, ки малакаҳои фаннӣ меомӯзад ва корҳои тарбиявиро пеш мебарад. «Ин шахсест, ки чизҳои мураккабро бо ибораҳои одӣ шарҳ дода метавонад. Вай на танҳо донишу маҳорат меомӯзонад, балки меҳру муҳаббатро интиқол медиҳад. Дар ниҳоди шогирд тарбия намудани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ, аз қабили ватану миллатдӯстӣ, доштани эҳсоси баланди ифтихор аз таъриху гузаштаи пурғановати хеш кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор, устод ва мураббӣ мебошад, зеро «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан» гуфтааст шоир», -мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Зарина Мирзоева чунин мепиндорад, ки дар ҷомеаи муосир, ки технология босуръат ривоҷ ёфта, хонанда низ ба тамоми маводи таълимӣ дастрасӣ дорад, боз ҳам эҳтиёҷ ба омӯзгорони варзидаву дорои саводи баланди педагогӣ зиёдтар мегардад.

«Таълими босифат ва муаллими масъулиятшинос, албатта, дар тафаккури талабагон нақши носутурданӣ мегузоранд. Ҳамон вақт дарс дилбазан мешавад, ки муаллим аз усулҳои якрангу бетаъсир истифода бурда, диққати онҳоро ба маводи омӯзишӣ ҷалб карда натавонад. Зеро фаъолияти хонандагон дар дарс аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз муаллим аз усулҳои инноватсионии таълим барои сифатнок шудани дарс истифода мебарад», — ибрози назар намуд Зарина Мирзоева.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки агар кӯдак аз хурдсолӣ то ба балоғат расидан дар оила ва мактаб тарбияи дуруст гирад, он гоҳ чун шахси инсондӯст, ватанпарвар ва бофарҳангу маданият ба воя мерасад.

«Маҳз ҳама ин нозукиҳоро ба инобат гирифта, дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардид. Мақсад аз қабули ин қонуни муҳим- пурзӯр намудани масъулияти падару модар, омӯзгор ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани онҳо мебошад», -ибрози назар намуд ӯ.

Ба андешаи Зарина Мирзоева, волидон бояд на танҳо талаботи моддии фарзандонашонро қонеъ гардонанд, балки муҳимтар аз он, ба таълиму тарбияи дурусти онҳо аҳамият диҳанд.

Тавре шоир фармудааст: Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,То ба охир меравад девор каҷ…

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 6, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ