Бо мусоидати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дастгоҳи муосири рентгенӣ дастрас гардид

Октябрь 15, 2024 17:29

ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ ва маблағгузории Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи нави пешрафтаи рентгении навъи «Ортоволтаж» дастрас гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ин навъи технологияи муосир барои табибони марказ шароит фароҳам меорад, ки дар беморони дорои варамҳои пӯст ва сатҳи болоӣ ташхис ва табобати дақиқи саратон гузаронанд.

Зимни муаррифии таҷҳизот вобаста ба зарурат ва муҳимияти он дар рушди илми тиб, табобати беморони гирифтори саратон ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ маълумот дода шуд. Дастрас гардидани дастгоҳи нави рентгенӣ, яъне «Ортоволтаж» марҳилаи нав барои беҳтар намудани усулҳои табобати гирифторони бемории саратон ва муолиҷаи он дар муассисаҳои тиббии мамлакат арзёбӣ мегардад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мо ба сӯи ояндае қадам мегузорем, ки аҳолӣ ба табобати муассир ва дақиқтар дастрасӣ пайдо менамояд.

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ яке аз муассисаҳои пешқадами соҳаи тиб дар самти мубориза ва табобати бемории саратон дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Бо дастрас гардидани дастгоҳи нави рентгенӣ, ки он метавонад радиатсияро ба варамҳои наздики сатҳи пӯст расонда, зарари бофтаҳои солимро коҳиш диҳад, ҳоло ин марказ аз ин имконият истифода бурда, бо усулҳои нав дар самти пешгирӣ, мубориза ва муолиҷаи саратон дар ҷумҳурӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Дастгоҳи дастарсгардида натиҷаи кӯшишҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими зерсохтори соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани шароити табобати саратон, фарогирии аҳолӣ ба имконияти соҳаи тиб ва бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳамкорӣ талошҳои пайвастаро барои таъмини истифодаи бехатар ва муассири технологияҳои радиатсионӣ дар соҳаи тиб бо риояи талаботи байналмилалии бехатарии радиатсионӣ инъикос менамояд.

Дар ин замина Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо шарикони рушд ва байналмилалӣ барои таҳкими инфрасохтори соҳаи тиб бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани технологияҳои нав дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, табобати нурӣ ва ҳифзи саломатӣ идома медиҳад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

Октябрь 15, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд