Боронҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон ба сифати нахи пахта таъсир мерасонад?

Октябрь 24, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 23 то 27 октябр дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа паст гардида, боронҳои пай дар пай дар назар аст. Оё ҳарорати пасти чанд рӯзи охир ба маҳсулоти кишоварзӣ таъсир расонида метавонад? Алалхусус пахта, ки имрузҳо ҷамъоварии он идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» назари коршиносонро манзур менамояд.

«Ҳавои номусоид ва боронҳои пай дар пай сифати нахи пахтаро паст намуда, ба майдони тухмипарварӣ низ бетаъсир намемонанд. Аз аввали моҳи октябр шабона ҳарорат паст ва рӯзона баланд мегардид, ки ин сабаб шуд раванди шукуфтани ҳосили пахта дароз гардад. Аз ин рӯ дар саҳро ҳосили нопухта бештар мебошад»,-гуфт дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки баъд аз ҳавои номусоид кишоварзон метавонанд ҳосили шукуфтаи пахтаро то чанд рӯзи офтобӣ нигоҳ дошта, сипас ҷамъоварӣ намоянд. Инчунин метавонанд ҳосили ҷамъоваринамударо аввал хушк намуда, сипас ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ супоранд.

Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нах парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Яъне пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бе партов мебошад. Тибқи арзёбиҳо, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мегардад.

Вобаста ба ҷамъоварии беталафи пахта аз саҳро Зикриёхон Ҳайдаров чунин тавсия медиҳад, ки бояд кишоварзони мамлакат ба воситаи заҳрхимикатҳо барги ниҳоли пахтаро хушк намоянд. Дар ин ҳолат тамоми энергия барои шукуфтан сарф шуда, пахта беталаф ҷамъоварӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки дар айни замон дар боғу токзори мамлакат меваи себу нок ва ангур барои ҷамъоварӣ омода аст. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки боғпарварон баъд аз боронҳо метавонанд меваҳоро ҷамъоварӣ намоянд. Аммо он меваҳое, ки барои хушк намудан дар зери Офтоб нигоҳдорӣ мешуданд, метавонанд аз ин боронҳо нам кашанд. Дар ҳолати расидани об хушкмеваҳо қобилияти нигоҳдории худро гум мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки ҳоло дар заминҳои кишоварзӣ ҳосили зироати полезӣ, ба мисли караму сабзӣ фаровон мебошад. Боронҳои рӯзҳои охир боиси зиёд шудани намӣ гардида, ба сабзиши онҳо мусоидат мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 24, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд