ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО БАЙНИ ҶАВОНОН. Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов сазовори медали нуқра гардид

Октябрь 2, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) сазовори медали нуқраи  Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон  дар шаҳри Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» .

То расидан ба финал Лоиқ Қудбиддинов варзишгарон аз Туркманистон, Мекиска,  Қазоқистон ва Узбекистонро мағлуб намуд. Дар финал  варзишгари тоҷик Лоиқ Қудбиддинов аз намояндаи ҷопон  Ямато Фукута мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад. Дар чемпионат 534 варзишгар (292 мард, 242 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони то 21-сола иштирок менамоянд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар қувваозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) рақобат менамояд. Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори аввал дар  сабқати  даставии омехта иштирок менамояд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ  (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Акс: ТВ Варзиш

 

Октябрь 2, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад