Дар Душанбе Ҷаласаи IX Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид

Октябрь 16, 2024 11:31

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи IX Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии* (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои узви Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази зиддитеррористӣ ва  Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил иштирок доранд.

Дар чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтани   масъалаҳои мубрам вобаста ба ҳамкорӣ ва рушди хадамоти пенитенсиарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар назар дошта шудааст.

Хадамоти пенитенсиарӣ (ҷиноятӣ-иҷроӣ)  аз калимаи лотинии poenitentia «пушаймонӣ» гирифта шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи маҷбуркунандаи давлатиест, ки барои иҷрои ҷазоҳои ҷиноятие, ки тибқи қонун ба шаҳрвандон таъйин карда мешаванд, масъул аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 16, 2024 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд