Дар Душанбе ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид

Октябрь 30, 2024 16:53

ДУШАНБЕ, 30.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати намояндагони соҳаи кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои ин иттиҳод доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пеш аз оғози ҷаласа ҳайати иштирокчиён гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои эҷодӣ ва илмиву техникии ҷавонони тоҷикро тамошо намуданд.

Зимни ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи тавоною созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад. Ҳамзамон ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф намудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад. Дар ин росто, амаӣ намудани ҳамкорӣ барои рушди зеҳнии ҷавонон, ҷалби онҳо ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани сиёсати кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва амалӣ намудани ҳамкории мутақобили судманд бо созмону ташкилоти ҷавонони ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 то 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он намояндагони созмонҳои ҷавонон аз давлатҳои иттиҳод масъалаҳои муҳими рушди сиёсати ҷавонон, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Иштирокчиёни ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар оянда байни ҳам табодули афкор намуда, барои идомаи ҳамкорӣ дар доираи соҳаи кор бо ҷавонон бо кишварҳои ин иттиҳод изҳори омодагӣ менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 30, 2024 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад