Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ бештар гардида, барои рушду равнақи соҳа шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамоиш вобаста ба дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон, қабули якчанд санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар раванди идоракунии давлатӣ ибрози назар карда шуд.
Оид ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ иброз гардид, ки дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии мамлакат барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори сайёҳӣ имконият фарох аст. Танҳо зарур аст, ки ҷавонон аз ин имконият васеъ истифода баранд.
Дар ҳамоиш имконияти сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, Барнома-муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли соҳаи сайёҳии мамлакат шунида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






