Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба дар Душанбе ҷаласаи тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар шудааст. Бахшида ба ин сана имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорон ва кормандони соҳа ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш аз паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки 24 октябри соли 2019 пешниҳод гардида буд, чунин иқтибос оварда шуд: «Дар замони Истиқлоли давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро ба беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст».
Иброз гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ қабули созишномаҳои генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави кор, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ пайваста дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Дар айни замон ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарогири 3 шурои вилоятӣ, 17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, беш аз 900 ҳазор аъзоро муттаҳид менамояд.
Дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон чунин дарҷ гардидааст: «Иттифоқҳои касаба кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрванд, бе мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гирад».
Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра собиқадорон ва кормандони иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Ифтихорнома супорида шуд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






