Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо мақсади азхудкунии дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии наврасон баргузор гардид.
Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ- ин ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз зинаи таҳсили томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад. Дар ҷараёни он насли наврас, падару модарони онҳо ва аҳли маориф оид ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо намуда, аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархурдор мегарданд.
Озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем!» 15 октябр оғоз гардида, даври ниҳоии он 15 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






