Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад

Октябрь 19, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ  оид ба волоияти қонун баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъ 400 нафар дар назар аст.

Дар форум муҳокимаи мавзуъҳои зерин, аз ҷумла «Рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он: адлияи рақамӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ», «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва эктремизм: дастовард, мушкилот ва дурнамо» ва дигар мавзуъҳо дар назар дошта шудааст.

АКС аз бойгонӣ

 

Октябрь 19, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид