Дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 октябр дар Душанбе Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки дар он олимону муҳаққиқони варзида ва роҳбарони муассисаҳои илмии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» ба истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадафи асосии форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди илми фундаменталӣ, инчунин такмили раванди рақамикунонӣ дар маориф ва илм дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Дар ҳошияи форум ҳамзамон ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Ташкилкунандагони форум Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатии ҳамкории бунёдии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мебошанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






