Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузори Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар-Шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим оли Сонӣ баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин ҳайати меҳмонон бо осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардид.
Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд. Зимни он дар майдони 800-солагии Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешаванд.
Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит»-ро тамошо мекунад. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Норак сафар намуда, бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.
Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар 17-18 октябр, соати 18:30 пешкаши тамошобинон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






