Дар Душанбе қуръакашии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе қуръакашии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналимилалии ҷудо.
Ёдовар мешавем, ки аз 2 то 6 октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад. Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд.
То имрӯз барои иштирок дар чемпионат 534 варзишгар (292 мард, 242 зан) аз 67 давлат номнавис шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) иштирок мекунад. Аз байни мардҳо Лоиқ Қутбиддинов, Саъдӣ Маҳмадов, Хайрулло Ғанизода дар вазни то 60 кг, Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров ва Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода ва Сомонӣ Кишваров дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок мекунанд.
Ҳамчунин байни духтарон Зуҳал Ҷумъаева бо Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан ва Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг, Ҷонона Назарова дар вазни то 63 кг, Виктория Киселева дар вазни +78 кг иштирок менамоянд.
Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоии даставии омехта иштирок менамояд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чемпионат дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин бор баргузор мешавад. Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






