Дар Фаронсаи Марказӣ баъди бориши рекордӣ ва обхезии шадидтарин дар 40 соли охир барқарорсозӣ идома дорад

Октябрь 21, 2024 16:47

ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар департаментҳои Ардеш ва Лозери Фаронса давоми 48 соат то 700 миллиметр борон борид, ки боиси шадидтарин обхезӣ дар 40 соли охир гардид, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба Euronews.

Баъди ду рӯзи боронгарии шадид корҳои тозакунии мавзеъҳои зарардида шуруъ шуданд.

Нахуствазири Фаронса Мишел Барнйе хабар дод, ки дар саросари кишвар қариб 2300 амалиёти наҷот анҷом дода шуд. Вай гуфт, ки тағйирёбии иқлим хатари ин гуна офатҳоро зиёд мекунад ва аҳамияти омодагӣ ба онҳоро дар сатҳи тамоми Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд. Барнйе инчунин аз системаи огоҳии FR Alerte ёдовар шуд, ки бори аввал барои огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи бекор кардани сафарҳо ва мондан дар минтақаҳои бехатар истифода гардид.

Зиёда аз 1000 нафар тахлия шуданд, вале аксар рӯзи ҷумъа ба хона баргаштанд. Оператори миллии роҳи оҳани SNCF аз сабаби пуроб будани роҳҳо ҳаракати қатораҳо байни Лион ва Сент-Этйенро боз дошт ва шоҳроҳи асосии байни ин шаҳрҳо низ баста шуд.

Субҳи рӯзи ҷумъа пешгӯиҳои Météo-France беҳтар шуданд: сатҳи сурхи хатар бекор карда шуд, аммо ҳушдорҳо оид ба эҳтимоли боронҳои шадид ва обхезӣ дар ҷанубу ғарби кишвар боқӣ мондаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 21, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад