Дар Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2024» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар давлатҳои аъзои Шурои ҳамоҳангсози мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бо мақсади танзими раванди муҳоҷират дар чанд марҳила амалиёти муштараки «Нелегал» гузаронида мешавад.
Тавре дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2024» ва иҷрои фармони муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018, амалиёт дар ду марҳила гузаронида мешавад.
Марҳилаи якуми он бо номи «Ҳаракати ғайриқонунӣ» аз 3 июн то 9 июни соли 2024 бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Марҳилаи дуюми амалиёт бо номи «Нелегал Кордон» 30 сентябр оғоз гардида, то 6 октябр идома меёбад.
Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд






