Дар Москва 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил гардид

Октябрь 11, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар шаҳри Москва бахшида ба 1035-солагии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Шурои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва доир шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигаҳдошти таъриху тамаддун ва забони тоҷикӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Таъкид шуд, ки Абулқосим Фирдавсӣ маъруфтарин сухансарои ҳамаи давру замонҳо буда, номи ӯ на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷик, балки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон боқӣ мемонад.

Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева бо ифтихор дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар ин донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, сухан гуфт. Ҳамзамон  муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, ёдовар шуд.

Донишҷӯёни мактабҳои олии Русия, ки забони тоҷикиро бо шавқу рағбати зиёд аз худ мекунанд, аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд. Ҳамзамон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва достони беҳамтои ӯ «Шоҳнома» ба ҳозирин маълумот доданд.

Дар доираи баргузории ҳамоиш либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш ба меҳмонон филми ҳунарии коргардони маъруф Борис Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб» намоиш дода шуд, ки ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

 

Октябрь 11, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд