Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи забони давлатиро ботантана таҷлил намуданд

Октябрь 3, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.

Тавре Пешвои миллат иброз доштаанд «забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаи худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад».

Дар ҳамоиш изҳор гардид, ки забон, фарҳанг ва таърихи миллат омилҳои мавҷудияти миллат буда, ба ташаккулу таҳаввули тамоми ҷабҳаҳои ҳастии он заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Рушди устувори ҷомеа дар заминаи сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ бе арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои милливу таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми ҷумҳурӣ ҳамвора саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеӣ аст.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон дар мавзуъҳои «Мақоми забон ва ҳифзи он дар даврони истиқлол», «Забон — омили асосии рушди комили миллат» ва «Забон – муаррифи миллат» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 3, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад