Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нуҳ моҳ 106,5 фоиз таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 106,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 14 миллиарду 102,3 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 25,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 923,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ ба маблағи 300,2 миллион сомонӣ вобаста ба барзиёд таъмин шудани он дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 104,3 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 622,8 миллион сомонӣ зиёд ворид шуд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи аниқшудаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 105 фоиз, вилояти Хатлон- 102,4 фоиз, вилояти Суғд- 103,4 фоиз, шаҳри Душанбе- 111,3 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ 106 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 83,1 фоиз таъмин карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид






