Дар Тоҷикистон Конгресси ҷарроҳони кӯдакони Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон» Конгресси ҷарроҳони кӯдакони Осиёи Марказӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни конгресс коршиносони Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Чехия доир ба дастоварду муваффақият дар самти воридсозии технологияҳои инноватсионӣ дар педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба он мубодилаи афкор намуданд.
Давоми солҳои охир аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, олимон ва мутахассисони соҳа дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Он ба мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ, пешравии соҳа, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва паст кардани нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон равона шудааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






