Даври ҷумҳуриявии озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арзишҳои миллӣ доир мешавад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои хонаи истиқоматии беҳтарин, маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин, деҳаи беҳтарин, беҳтарин деҳот, шаҳраки беҳтарин, ноҳияи беҳтарин ва шаҳри беҳтарин гузаронида шуда, ғолибони он бо Диплому мукофоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз соли 2022 ба роҳбарони мамлакат супориш дода шуд, ки бо истифода аз имконияту ташаббуси созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду навсозӣ байни деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.
Инчунин барои вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Аз ҷумла, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар 10 соли оянда барои ҳар деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, бунёди як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиширо ба роҳ мемонад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






