Доир ба 30 соли рушд дар ҷодаи таҳлил ва таҳқиқ дар шароити давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 25, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 25.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли рушд дар ҷодаи таҳлил ва таҳқиқ дар шароити давлатдории миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мақсади баргузории конфронс нақш ва арзёбии ҷойгоҳи Маркази тадқиқоти стратегӣ ва саҳми он дар самти омӯзиш ва таҳлили равандҳои муосири дохилию хориҷӣ, таҳлилу натиҷагирии вазъи соҳаҳои гуногуни мамлакат, хусусан сиёсати дохилию хориҷӣ ва таҳлилу арзёбии дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардид.

Ташаккули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марҳилаҳои гуногуни тараққиёти мамлакат алоқамандии зич дорад.

Бо шарофати сиёсати дурандешона ва илммеҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се даҳсола марказ ҳамчун муассисаи илмӣ ба абзори муҳиме табдил ёфт, ки дурнамои стратегии давлатро ташаккул медиҳад. Он ҳамчунин дар кори муайян намудани самтҳои асосии давлатӣ дар шароити мураккаб ва тағйирёбанда саҳми назаррас мегузорад.

Имрӯз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба маркази зеҳнӣ табдил ёфта, таҷриба ва дониши олимони варзида, сиёсатшиносон, иқттисоддонҳо ва мутахассисони гуногункасбро муттаҳид мекунад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки дар шароити имрӯза марказ хусусият ва масъалаҳои шароити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиии ҳар марҳилаи охири асри 20 ва оғози асри 21-ро мавриди таҳлил қарор додааст. Аз ҷумла, даҳсолаи сеюми асри XXI ба давраи ҷустуҷӯйи роҳҳои самтҳои таъмини амнияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шаклгирии пояҳои ниҳодии рушди мамлакат рост меояд.

«Нақши Марказ давоми чанд соли охир дар афкори созандаю бунёдкоронаи ҷомеа, ташаккул додани сиёсати иҷтимоии замонавӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илман исбот намудани моҳияти равандҳои дар ҷомеаи навини тоҷик зуҳурнамуда назаррас арзёбӣ мешавад»,-баён дошт Хайриддин Усмонзода.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронс масъалаҳои нақши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳқиқотии машваратӣ дар ташаккул ва рушди сиёсати дохилию хориҷии давлат, ҷойгоҳ ва мавқеъгирии марказ дар омӯзиш ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами муосир, дастовард ва комёбиҳои марказ давоми 30 соли фаъолият, вазъи иқтидори кадрӣ ва тарбияи коршиносони соҳибтахассус, нақш ва ҷойгоҳи марказ дар ташаккул ва рушди низоми сиёсӣ баррасӣ гардиданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст