Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таъсиси Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар конференсия мутахассисони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимон аз Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Беларус ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардид. Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмии ҷумҳурӣ дар пешрафти соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ саҳми босазо дорад.
Соҳаи биологияи ҷумҳурӣ рушди бештар ёфта, олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар ин самт корҳои муҳим ба сомон расониданд.
Дар конференсия олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ доир ба таърихи таъсиси институт ва рушди дурнамои соҳаи биологияи ҷумҳурӣ маъруза намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






