Эмомалӣ Раҳмон: «Дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд»
ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд. Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст. Яъне баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад. Фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия камбудии ҷиддии дигар мебошад, ки гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе 29 октябри соли равон.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 30-солагии Конститутсия ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олии омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии мамлакатро рамзӣ номиданд. Зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, мақомоти корҳои дохилӣ посдору нигоҳбони волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла риояи Конститутсия ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд.
Бояд гуфт, ки таъсиси чунин муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии мамлакат, бахусус, дар самти тарбияи кадрҳои муосир ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон рӯйдоди басо муҳим ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки солҳои охир сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, мухолифату ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, шиддат гирифтани раванди мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардидааст.
Президенти мамлакат хотирнишон сохтанд, ки чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, тақвияти инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии ин соҳа ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намоем.
«Имрӯзҳо зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва фаъолияти созмонҳои террористӣ хусусият ва миқёси ҷаҳонӣ касб кардааст. Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, ба тарзи зиндагии ҳар як шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад»,- хотиррасон шуданд Роҳбари давлат.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ барои омода намудани кадрҳои афсарӣ бо маълумоти олии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур аз 7 бино иборат буда, бинои асосии он дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона, 4 толори маҷлисӣ ва утоқҳои дигар мебошад ва бо шароити муосири зарурӣ барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст. Барои таъмини афсарон бо ҷойи хоб ду бинои хобгоҳ бо 688 кати хоб бунёд гардидааст.
Барои обутоб додани ва иҷрои машқҳои варзишӣ дар муассиса, толори барҳавои варзишӣ бо имкони ташкили бозиҳои баскетбол, волейбол ва футболи хурд бунёд шудааст. Бинои ошхона, барои 450 нафар пешбинӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълимӣ ва корию фароғатӣ даъват намуданд, ки мутахассисон ва ашхоси дигари масъул ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани афсарони болаёқат диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






